Май 16, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи кумаки 1 миллиондолларии Русия ба Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи кумаки молии 1 миллиону 100 ҳазордолларии ройгони Русияро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи лоиҳа ба Маҷлиси намояндагон гуфт, ин маблағ барои сохти посгоҳ дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон харҷ хоҳад шуд.

Гулбаҳор Назирӣ, намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст таъкид кард, авзои минтақа ва ҷаҳон муташанниҷ аст ва зарурати таҳкими марзи муштараки ин кишвар ба Афғонистон ба манзури ҷилавгирӣ аз таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ вуҷуд дорад.