Май 16, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар нишасти минтақаии осонсозии тиҷорат дар Осиёи Марказӣ

Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти минтақаии осонсозии тиҷорат дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ширкат карданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин нишаст хостори эҷоди заминаи интиқоли осони коло ва маҳсулот дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Вай афзуд, Тоҷикистон барои осонсозии таомулоти тиҷорӣ бо кишварҳои минтақа иқдомоти зиёде анҷом додааст, ки шомили таъсиси кумитаи вижаи ҳамоҳангии тиҷорати минтақаӣ ва сомонаи воҳиди тиҷорат мешавад.

Муовини вазири рушди иқтисоди ва тиҷорати Тоҷикистон бо ишора ба муомилоти тиҷории 1 миллиарду 180 миллиондолларии кишвараш бо Қазоқистон ва 447 миллиондолларӣ бо Узбакистон дар соли 2021 бар зарурати рафъи мавонеи мавҷуд дар тиҷорат бо Қирғизистон таъкид кард.