Май 16, 2022 15:14 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати порлумонии Тоҷикистон ба ҷумҳурии Озарбойҷон

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон озими ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ҳайати намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба раёсати Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси маҷлис ба манзури ширкат дар сеюмин конфронси умумии Маҷмаи порлумонии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки 17 то 18 май дар Боку баргузор мешавад, ба пойтахти Озарбойҷон сафар карданд.

Вай афзуд, Тоҷикистон қасд дорад ба мушорикати муассир дар фаъолиятҳои Маҷмаи порлумонии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва иртиқои сатҳу кайфияти ҳамкориҳои чандҷонибаи худ идома диҳад.

Ӯ изофа кард, Тоҷикистон ҳамвора мутааҳҳид ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷории минтақаӣ дар СҲИ ба нафъи мардуми кишварҳои узви ин созмон аст.