Дидори раисони Ҷмуҳурии Тоҷикистон ва Русия дар Маскав
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақсади ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар чорчуби як сафари корӣ вориди Маскав шуда аст, бо ҳамтои русии худ дидору гуфугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ин дидор дар бораи вазъияти феълии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, амниятӣ ва дифоъӣ табодули назар карданд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор мавзуъи вазъияти амниятӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон, зарурияти таҳкими марз ва таҷҳиз намушадни артиши Тоҷикистон бо силоҳҳои пешрафтаро матраҳ кард.
Владимир Путин низ бо ҳимоят аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъияти амниятии минтақа таъкид кард, ки пешниҳодоти вай мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Бар асоси гузориши дабирхонаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, дар нишасти Маскав, ки ба муносибати сиюмин солгарди таъсиси ин ниҳод баргузор мегардад, раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларусия, Русия ва нахуствазири Арманистон ширкат мекунанд.
Муъоҳидаи амнияти ҷамъӣ дар 5 май соли 1992 дар Тошканд имзо шуд. Дар 14 май соли 2002 шӯрои амнияти ҷамъӣ дар ҷаласае дар Маскав тасмим гирифт, ки созукорҳо ва сохторҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои узви муъоҳидаи амнияти ҷамъиро ба як созмони байналмиллалӣ-минтақавии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ табдил кунад ва ба он вазъияти муносиб бидиҳад.
Дар 18 сентябри соли 2003 маншури Созмони паймони амнияти ҷамъӣ лозимулиҷро шуд.
Созмони паймони амнияти ҷамъӣ шомили кишварҳои Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон аст.