Май 17, 2022 09:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоишҳои муштарак аз сӯи Эрон ва Тоҷикистон

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон бар мубориза бо терроризм, барқарории амният дар марзҳо ва ҳамчунин бар баргузории размоишҳои муштараку тавсеаи таҷҳизоти низомии байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон таъкид карданд.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрони баъд аз истиқболи расмӣ тавассути генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамчунин ширкат дар маросими бошукуҳи низомӣ аз ягонҳои намуна ва ташрифотии нерӯҳҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон дар як нишасти тахассусӣ зимни баррасии роҳҳои тавсеа ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақаӣ бо меҳварияти кишвари Афғонистонро бо тарафи муқобил мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Генерал Боқирӣ бо таъкид бар инки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, афзуд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба ва ҳамчунин табодули омузиш ва тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм, бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм,ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддир бо кумак ва ҳамкории ду кишвар истиқбол кард ва гуфт, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 

Барчасп