Баррасии фаъолияти СҲШ дар дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Tue, 17 May 2022 05:53:49 GMT )
Май 17, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии фаъолияти СҲШ дар дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Узбекистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон равобити дуҷониба ва фаъолияти ду кишвар дар чорчуби Созмони Ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Сироҷиддин Муҳриддин  ва Владимир Норов дар ин дидор таъкид карданд, ки бар асоси тасмими сарони Тоҷикистон ва Узбекистон талош мешавад, ки мизони муомилоти тиҷории ду кишвар ба 1 миллиарддоллар дар сол афзоиш ёбад.

Ҳамчунин дар ин дидор мавзӯи омодагӣ ба баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба раёсати Узбекистон дар рӯзҳои 15 ва 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст баррасӣ ва тасвиби 35 санади ҳамкорӣ аз сӯи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барномарезӣ шудааст, ки коршиносони Тоҷикистон ва Узбекистон дар ҳоли ҳозир мувофиқати худро бо 7 тавофуқнома эълом кардаанд ва баррасии бақияи созишномаҳо идома дорад.