Май 18, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақоми тоҷик бо муовини вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Акрам Каримӣ ва Абдурраҳмон Арроси дар мавриди раванди омодасозии дуюмин конфронси байналмилалии сатҳи олии Даҳаи байналмилалии иқдоми “Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028”, ки аз 6 то 9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, гуфтугӯ карданд.

Абдурраҳмон Арроси таъкид кард, ҳайати саудӣ дар сатҳи боло дар ин маҷмаи муҳими байналмилалӣ ширкат хоҳад кард.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди мавзуоти муҳими дастури кори минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи дуҷониба табодули назар карданд.