Мақоми тоҷик :Мардуми Тоҷикистон эрониҳоро аз самими қалб дӯст доранд
(last modified Thu, 19 May 2022 10:49:21 GMT )
Май 19, 2022 15:49 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик :Мардуми Тоҷикистон эрониҳоро аз самими қалб дӯст доранд

Муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳи(гардишгари)и Тоҷикистон гуфт : Эрону Тоҷикистон реша ва забону фарҳанги муштарак доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳабибуллоҳ Амирбекзода дар маросими бузургдошту гулборони мазори Хайёми Нишобурӣ гуфт : Бо тавваҷуҳ ба инки мардуми ҳар ду кишвар як забон, як фарҳанг ва як реша доранд, нисбат ба якдигар дилбастагии зиёде доранд .
Муовини аввали раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон идома дод : Мардуми Тоҷикистон эрониҳоро аз самими қалб дӯст доранд ва ин ки бо форсӣ суҳбат мекунем, мояи ифтихори мост.
Вай бо ишора ба пешина ва ҳуввияти фарҳангӣ ва торихии Нишобур изҳор кард : Нишобур метавонад дар барномаи сафари гардишгарони хориҷӣ ба унвони мақсади сафари онон бошад ва гардишгарони хориҷӣ бо ҳузур дар Нишобур сафари ба ёдмонданиро таҷриба кунанд