Май 21, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Расулзода хостори густариши равобити кишварҳои узви ИДМ шуд

Нахуствазири Тоҷикистон хостори густариши ҳарчӣ бештари равобит миёни кишварҳои узви ИДМ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ҷаласаи навбатии  Шӯрои сарони сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори ҷаласа барои баррасӣ беш аз 10 масъала пешниҳод шуд, ки фарогири муҳимтарин мавзуъҳои мубрами рӯз буд.

Зикр шуд, ки дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон бо роҳи ҳамгироии зичу пурсамар имкон аст таъсири омилҳои беруна ва буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳоро коҳиш дод.

Расулзода таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста чорандешӣ карда, дар ин самт имкониятҳои ҷойдошта мақсаднок истифода бурда мешаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки табодули афкор дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон фароҳам меорад, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, энергетика, гумрук, экология, сайёҳӣ, тандурустӣ ва роҳу нақлиёт рушд намояд.

Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳои аъзо  ба анҷом расид.

 

Барчасп