Тоҷикистон тааҳҳуди хеш барои таъмини оби Узбекистон ва Қазоқистонро иҷро мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86102-Тоҷикистон_тааҳҳуди_хеш_барои_таъмини_оби_Узбекистон_ва_Қазоқистонро_иҷро_мекунад
Мақомоти идораи мудирияти оби вилояти Суғд эълом карданд, ки ба тааҳҳудоти сеҷониба миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои таъмини оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии ин ду кишвар пойбанд мебошанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 21, 2022 11:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон тааҳҳуди хеш барои таъмини оби Узбекистон ва Қазоқистонро иҷро мекунад

Мақомоти идораи мудирияти оби вилояти Суғд эълом карданд, ки ба тааҳҳудоти сеҷониба миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои таъмини оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии ин ду кишвар пойбанд мебошанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, акнӯн тайи ҳар шабонарӯз аз сади нерӯгоҳи Қайроқум 720 метри/мукааб об хориҷ мешавад. ки 85 дарсади он барои таъмини ниёзи бахши кишоварзии Узбекистон ва Қазоқистон мавриди истифода қарор мегирад.

Бар асоси тавофуқи сеҷонибаи Узбекистон ва Қазоқистон низ мутааҳҳид шудаанд, ки сӯхт ва таҷҳизоти мавриди ниёзи вилояти Суғдро дар баробар дарёфти об аз Тоҷикистон таъмин кунанд.

Чунончӣ дар соли 2021 Узбекистон теъдоде таҷҳизоти обкашӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарордод ва Қазоқистон 120 тон салярка ва 35 тон равған барои турбинҳои нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум ирсол кард.

Бештар бихонед: