Баррасии аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон
Коргурӯҳи муштараки аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон тайи рӯзҳои 16 то 20 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё мавзӯи идомаи таъйини хутути марзии ду кишварро баррасӣ кард.
Ба гузориши сомонаи Авесто, дар ин нишаст роҷеъ ба омодасозии тавофуқи ниҳоии аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон баҳсу табодули назар шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз 1 ҳазору 332 километри марзи муштараки ин кишвар бо Узбекистон бар сари аломтгузории 1 ҳазору 319 километр тавофуқ шудааст.
Тарафҳо дар музокироти ахир таъкид кардаанд, ки дар дидори баъдӣ дар Тоҷикистон ҳалли мушкили аломатгузорӣ дар манотиқи марзии боқимондаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.