Пешбинии афзоиши шумори коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи барномарезии Фарҳангистони улӯми Русия муътақидаст шумори коргарони муҳоҷири тоҷик дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Деметрий Полетаев бо ишора ба ташкили ситоди бозсозии Донеск ва Луганс дар Русия гуфт : Теъдоди зиёде аз мутахассисони русӣ ба ин ду минтақа эъзом хоҳанд шуд; ба ҳамин далел дар дохили Русия фурсатҳои шуғлӣ барои коргарони муҳоҷир аз ҷумла тоҷикҳо афзойш меёбад.
Вай афзуд : Таи се даҳа ҳамвора вуруди коргарони тоҷик ба Русия барои ду кишвар муҳим буд .
Полетаев гуфт : Бо вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик ҳам ниёзи бозори кори Русия таъмин ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон машғул ба кор мешаванд .