Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд?
(last modified Sun, 22 May 2022 15:57:16 GMT )
Май 22, 2022 20:57 Asia/Dushanbe
  • Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд?

Дар ҳоле, ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки ин равандро гуногунсамт созанд

Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати 


  • "Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.

  • Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.

  • Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд.
  • "Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. 

Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.