Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши кишоварзӣ
(last modified Mon, 23 May 2022 13:10:48 GMT )
Май 23, 2022 18:10 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши кишоварзӣ
    Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бахши кишоварзӣ

Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Эрон 12 дастгоҳ трактор, 100 плук ва 427 тонна хуроки моҳи ворид карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, ба ин нукта дар дидори Саъди Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе ишора шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши кишоварзӣ дар ҳоли густариш мебошад.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурияти тақвияти ҳамкори дар бахши чорводори ва зироъат, содироти таҷҳизоти кишоварзӣ, мубориза бо офатҳо ва бемориҳои чорводорӣ ва сохти марказҳои нигаҳдории маҳсулот таъкид карданд.

Мизони муъомилоти тиҷори миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2021 бо афзоиши ду баробари ба 121 миллион доллар расид, ки тарафҳо қасд доранд ин шохисро ба 500 миллион доллар дар сол расонанд.