Май 24, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Мутахассисони пизишкии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Русия табодули таҷруба мекунанд
    Мутахассисони пизишкии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Русия табодули таҷруба мекунанд

Вазири тандурустии Тоҷикистон бо муъовини раиси вилояти Санкт-Петербург дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин мулоқот Алег Эргашов, муъовини раиси вилояти Санкт-Петербург дар ин мулоқот хотирнишон кард коркунони тандурустии ин шаҳр барои табодули таҷрубиёт бо ҳамтои тоҷикӣ худ дар заминаҳои мухталифи беҳдоштӣ ба вижа пешгири аз бемориҳои уфунӣ ва муъарифи равишҳои нави ташхис ва дармон ба Тоҷикистон омаданд.

Дар ин дидор ҳарду тараф дар хусуси густариши ҳамкориҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо муассисаҳои тандурустии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия табодули назар карданд.