Талоши Тоҷикистон ва Туркманистон барои таъсиси полоишгоҳи нафт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86328-Талоши_Тоҷикистон_ва_Туркманистон_барои_таъсиси_полоишгоҳи_нафт
Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Ишқобод бо мақомоти ширкати давлатии фаровардаҳои нафтии Туркманистон таъсиси полоишгоҳи нафт баррасӣ шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 25, 2022 14:07 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Туркманистон барои таъсиси полоишгоҳи нафт

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Ишқобод бо мақомоти ширкати давлатии фаровардаҳои нафтии Туркманистон таъсиси полоишгоҳи нафт баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон, Фаррух Шарафзода ва Мақсуд Пиралиев дар ин дидор роҷеъ ба таъсиси ширкати муштараки полоиши нафт ва воридоти сӯхт аз Туркманистон ба Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор густариши равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ, аз ҷумла фароҳам кардани заминаи таъсиси ширкати полоиши нафт ва воридоти бензину газоил аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавофуқ шуд.