Талоши Тоҷикистон ва Туркманистон барои таъсиси полоишгоҳи нафт
Май 25, 2022 14:07 Asia/Dushanbe
Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Ишқобод бо мақомоти ширкати давлатии фаровардаҳои нафтии Туркманистон таъсиси полоишгоҳи нафт баррасӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон, Фаррух Шарафзода ва Мақсуд Пиралиев дар ин дидор роҷеъ ба таъсиси ширкати муштараки полоиши нафт ва воридоти сӯхт аз Туркманистон ба Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин дидор густариши равобити дуҷонибаи иқтисодиву тиҷорӣ, аз ҷумла фароҳам кардани заминаи таъсиси ширкати полоиши нафт ва воридоти бензину газоил аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавофуқ шуд.
Барчасп