Афзоиши 37 баробарии мубодилаи тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар 6 соли гузашта
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо муовини аввали вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон мулоқот кард.
Ба гузориши Форс, бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода бо муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов рӯзи 26 май зикр шуд, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 173,6 млн доллар расид, ки 40,5 млн доллар ё худ 30,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, “Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд”.
Дар ин дидор тарафайн омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.