Май 28, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Барномарезии мақомоти Тоҷикистон барои афзоиши 57 дарсадии тавлиди равғани моеъ

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, тайи 3 соли оянда тавлиди равғани моеъро аз 27 ҳазор тон ба 43 ҳазор тон афзоиш медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар соли 2021 Тоҷикистон 123 ҳазор тон равғани моеъ ба арзиши 148 миллиондоллар ворид кард.

Аммо тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон 37 ҳазор тон равғани моеъ ба арзиши молии 42 миллиондоллар ворид шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудӯди 400 ҳазор тон пахта тавлид мешавад, ки дар сурати коркарди ин маҳсӯл дар дохили кишвар заминаи тавлиди 60 ҳазор тон равғани пахта вуҷӯд хоҳад дошт.

Коршиносон муътақиданд, тайи се соли оянда масрафи равғани моеъ аз 160 ҳазор тон ба 170 ҳазор тон хоҳад расид.

Дар ҳоли ҳозир қимати як литр равғани пахта дар бозорҳои Тоҷикистон байни 23 то 33 сомонӣ ва равғани офтобгардон 24 то 35 сомонӣ аст.