Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба марзбонони Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми нерӯҳои марзии Тоҷикистонро сипари бо эътимод ва таъминкунандаи марзҳои ин кишвар унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маркази омӯзишии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаро расидани 28 тумин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии Тоҷикистонро табрик гуфт.
Вай бо ишора ба вазъияти печидаи амниятии ҷаҳон ва минтақа хостори болобурдани сатҳи омодагии размии нерӯҳои марзбонӣ Тоҷикистон барои мубориза бо гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, гуруҳҳои созмониёфтаи ҷиноятии фаромиллии қочоқи маводи мухаддир ва аслаҳа шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ба далели вазъияти амниятии номусоъид дар Афғонистон имрӯз марзбонони тоҷик аз марзҳои ҷанубии кишварҳои узви СПАД дифоъ мекунанд, ки дар ин амр бояд ҳушёри ва омодагии худро ҳифз кунанд.
Рӯзи 28 май дар Тоҷикистон таъсиси неруҳои марзбонии ин кишвар мебошад.