Май 29, 2022 10:45 Asia/Dushanbe
  • Вогузории раёсати ҳаждаҳумин нишасти марказҳои пажуҳишии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон

Тоҷикистон раёсати ҳаждаҳумин нишасти марказҳои пажуҳишии Созмони Ҳамкории Шанхайро бар уҳда гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар,Парвиз Муҳаммадзода- муовини мудири маркази пажуҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон эълом кард: Ин тасмим дар нишасти ахири марказҳои пажуҳишии Созмони Ҳамкории Шанхай,ки дар Донишгоҳи равобити байналмиллалии Вазорати умури хориҷаи Русия баргузор гардид, гирифта шуд .
Вай афзуд : Дар ин нишаст роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ ва гардишгарӣ аз дидгоҳи коршиносон баҳсу табодули назар шуд.
Ӯ изҳор кард таҳлилгарони марказҳои пажуҳишии Созмони Ҳамкории Шанхай дар ин нишаст роҳҳои рафъи мавонеъ дар тақвияти равобити кишварҳои узви ин созмонро низ баррасӣ карданд.

 

Барчасп