Як миллион сомонӣ мизони хисорати оташсӯзӣ дар бозори шаҳри Хоруғ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86552-Як_миллион_сомонӣ_мизони_хисорати_оташсӯзӣ_дар_бозори_шаҳри_Хоруғ
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом кард, оташсӯзии ахир дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бар асоси бароварди аввалияи як миллион сомонӣ хисорат ворид кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 30, 2022 12:50 Asia/Dushanbe
  • Як миллион сомонӣ мизони хисорати оташсӯзӣ дар бозори шаҳри Хоруғ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом кард, оташсӯзии ахир дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бар асоси бароварди аввалияи як миллион сомонӣ хисорат ворид кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бар асари ин ҳодиса 48 мағоза ба таври комил дар оташ сӯхт ва ба 14 мағозаи дигар низ хисорат ворид шуд.

Мақомоти полис мегӯянд, иллати вуқуи ҳариқ дар бозори шаҳри Хоруғ иттисолии сими барқ будааст, ки ба дигар мағозаҳо сироят кардааст.

Барои маҳори оташсӯзӣ аз 10 мошини оташнишонӣ ва 500 неруи имдодӣ истифода шуд.

Мақомоти вилояти Бадахшон дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса ва бароварди ниҳоии хисорати ворида ҳастанд.