Июн 02, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон озими Узбакистон шуд
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон озими Узбакистон шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикисотн ба сарварии як ҳайати аз мақомоти олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар озими Тошканд пойтахти Узбакистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчуби як сафари ду рӯзаи расми субҳи имрӯз озими Тошканд пойтахти Узбакистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муъовини аввали нахуствазир, вазири умури хориҷа, дастёри раиси ҷумҳур дар умури хориҷӣ, вазирони энергетика ва манобеъи оби, тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, маъориф, дороӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси кумитаи давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи давлатӣ, раиси Бонки Миллӣ, раиси академияи миллӣ улум, раиси ширкати роҳи оҳани тоҷик ва раиси вилояти Суғд ҳамроҳи мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар дидор бо раиси Ҷумҳурии Узбакистон хоҳад дошт, ки дар натиҷаи музокирт интизор меравад теъдоди аз санадҳои ҳамкори ба имзо бирасад.

Тавсеаи ҳамкори байни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл, иртиботот, фарҳангӣ ва башардустона дар дастури кори музокироти оянда дар чорчуби ин сафар аст.

Мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2021 мелодӣ 447.8 миллион доллар бароварда шуда буд, ки 34.2 дарсад бештар аз соли 2020 мелодӣ аст.

 

Барчасп