Тоҷикистон тарафи Қирғизистониро ба танишофаринии дар марз муттаҳам кард
-
Тоҷикистон тарафи Қирғизистониро ба танишофарини дар марз мутаҳам кард
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вуруди ғайриқонунии марзбонони Қирғизистон ба дохили қаламрави ин кишвар ва тирандозии онҳо ба тарафи марзбонони тоҷикро маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин баёния таъкид шуда аст, ки ин иқдоми ҷониби Қирғизистон тавтеа мебошад, ки ҳадаф танишофарини дар марзи ду кишварро дорад.
Ба таври ҳамзамон Вазорати хориҷаи Қирғизистон бо интишори баёнияи бедуни ишора ба омилони ин ҳодиса хостори ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон аз роҳи музокироти сиёсӣ шуд дар ин баёния таъкид шуда аст, ки бояд тарфҳо барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ба дунболи эҷоди фазои эътимоди мутақобил бошанд то заминаи зиндагӣ ҳамзистии мусолематомези мардуми дуст ва бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳазорон сол дар канори якдигар қарор доранд фароҳам гардад.
Дар пайи даргириҳои ахир миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз ду марзбони қирғиз ва як сокини ғайринизомии Тоҷикистон захми шуданд.