Июн 06, 2022 12:49 Asia/Dushanbe
  • Рушди чаҳор баробарии табодулоти иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар 8 моҳи гузашта

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эронро дар масири ҳамкории густардаву фаъол тавсиф кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ гуфт: Раҳбари муаззами инқилоб ҳам таъкид кардандд, бо тавваҷуҳ ба сиёсати давлати Эрон дар хусуси тақвияти равобит бо ҳамсоягон, бояд равобити ду кишвар дучори таҳаввули асосӣ шавад.

Собирӣ афзуд, дидори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар фазои хеле самимӣ, дӯстона ва отифӣ баргузор шуд ва Раҳбари инқилоб дар ин дидор бо тавваҷуҳ ба иштирокоти ду кишвар, ҳамкориҳои фимобайн ва тақвияти онҳоро хеле лозим баршумурданд ва дар бораи робитаи ду кишвар аз таъбири “хешованд” истифода карданд, ки ду миллати ҳамфарҳанг, ҳамзабон ва ҳамдин ҳастанд.

Собирӣ изҳор дошт: Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз дидорҳое ки дар сафарҳои қаблӣ бо Раҳбари инқилоб доштанд, хотироте таъриф кард ва изҳор дошт: Дар мулоқоте, ки қаблан хидмати Шумо расида будам, Шумо аз робитаи ду кишвар таъбири “хешовандӣ” доштед. Раҳбари инқилоб ҳам фармуданд, ки ман ҳанӯз ҳам бар ин ақида ҳастам, ки мо хешовандем ва ин хешовандии мо ба далели иштирокоти динӣ, фарҳангӣ ва забонӣ аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар идома гуфт: Дар ҷараёни сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо дар сатҳи хеле боло баргузор ва 17 санади ҳамкорӣ ҳам имзо шуд.

Ӯ идома дод, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб бар ин нукта таъкид дошт, ки иқдоми оқои Раисӣ дар сафар ба Тоҷикистон барои мо ифтихоре буд ва онро дар сатҳи бисёр болое арзёбӣ мекунем. Раҳбари инқилоб ҳам бар ин нукта таъкид карданд, ки Тоҷикистон барои мо хеле муҳим аст ва ба ҳамин хотир ҷаноби оқои Раисӣ аввалин сафари худашонро ба Тоҷикистон анҷом доданд.

Собирӣ изҳор дошт, дар ин дидор қарор бар ин шуд, ки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар ба сурати фаъолона ва мустамар ёддошти тафоҳумҳои имзошударо пайгирӣ кунанд, ки ба натиҷа бирасад.

Вай дар идома гуфт, Тоҷикистон баъд аз чандин сол бо дархости пазириши узвияти доими Эрон дар Созмони Шанхай мувофиқат ва ҳимояти худашро эълом кард, ки ин як дастоварди бисёр хубе барои Эрон дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ буд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуд, дар як соли гузашта равобити ду кишвар вориди фазои ҷадиде шудаву тақрибан дар ҳамаи арсаҳо кор рӯ ба пешрафт аст.