Баррасии ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва СММ
(last modified Mon, 06 Jun 2022 09:10:39 GMT )
Июн 06, 2022 14:10 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва СММ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар дидоре дар Душанбе роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин ва Наталия Герман, ки барои ширкат дар дуҷумин ҳамоиши байналмилалии сатҳи олии "Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028" ба Душанбе омадааст, роҷеъ ба авзои амниятии минтақа ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин раванди таҳаввулоти Афғонистон ва таъсири он ба авзои амниятии Осиёи Марказӣ ва барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дуюмин ҳамоиши байналмилалии сатҳи олии "Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.