Июн 07, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 миллиондолларии қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи шаш моҳи соли ҷорӣ

Қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи шаш моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 2 миллиондолларӣ ба 3 миллиарду 300 миллиондоллар расид.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин шохис баробар бо 37,7 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин мизон қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 100 миллион доллар, мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти Чин аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 357 миллиондоллар, Бонки Рушди Осиё 291 миллиондоллар ва Бонки Рушди Исломӣ 184 миллиондоллар қарздор мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли ҷории 2022 барои бозпардохти қарзи хориҷии ин кишвар маблағи 192 миллиондоллар ҳазина хоҳад шуд.

 

Барчасп