Боздошти се нафар аз сарони гурӯҳҳои ғайри расмии вилояти Бадахшон
(last modified Sat, 11 Jun 2022 14:16:50 GMT )
Июн 11, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се нафар аз сарони гурӯҳҳои ғайри расмии вилояти Бадахшон
    Боздошти се нафар аз сарони гурӯҳҳои ғайри расмии вилояти Бадахшон

Ситоди вижаи нерӯҳои таъмини назму амният дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз боздошти се нафар аз сарони гурӯҳҳои ғайри расмии ин минтақа хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар баёнияи ин ситод таъкид шуда аст, ки Толиб Аёмбеков, Ниёзшоҳ Гулобов ва Манаввар Шанбиев боздошт ва зидди онҳо парвандаи ҷинояти ташкил шуда аст.

Ситоди ёдшуда иттиҳоми ин афродро куштор, авбоши, қочоқи силлоҳ ва муҳиммот, маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо, таъсиси гурӯҳҳои ҷиноятии созмонёфта, даст доштан дар созмондиҳи эътирозот ва барангехтани кина ва адоват унвон кардааст. Аз миёни ин се нафар Толиб Аёмбеков палковники бознишастаи нерӯҳои марзбонӣ вобаста ба кумитаи давлатии амнияти миллӣ Тоҷикистон мебошад.