Июн 12, 2022 19:27 Asia/Dushanbe
  • Сохти биноҳои нав дар шаҳри Хуҷанд аз сӯи ширкатҳои туркӣ
    Сохти биноҳои нав дар шаҳри Хуҷанд аз сӯи ширкатҳои туркӣ

Ширкатҳои туркӣ кори сохти биноҳо дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғдро оғоз мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин матлаб дар дидори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо мақомоти ширкати сохтмонсозии "Чолак Уғулу Груп" дар Хуҷанд унвон шуд.

Гуфта мешавад, ки ин биноҳо шомили ҳавзи шиноварӣ, майдонҳои варзишӣ барои кӯдакон, маркази тиҷоратӣ ва таваққуфгоҳҳо хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд дар ин дидор таъкид кард, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ дар шимоли Тоҷикистон 3 корхонаи муштарак бо Туркия фаъол мебошад, ки масолеҳи сохтмонӣ ва мебел тавлид мекунанд.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот хостори тақвияти бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни вилояти Суғд ва Туркия шуданд.

 

Барчасп