Июн 14, 2022 08:46 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии зарфиятҳои донишгоҳҳои Русия барои пазириши тоҷикҳо

Дар ҳашрҳои Душанбе ва Хуҷанд, намоишгоҳи муаррифии зарфиятҳои донишгоҳҳои Русия барои пазириши донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин намоишгоҳ ба ибтикори Созмони иртибототи Русия, сафорати ин кишвар дар Душанбе ва вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин намоишгоҳ 34 донишгоҳи Русия, имконоту зарфиятҳои худро барои пазириши донишҷӯёни тоҷик дар риштаҳои мухталиф муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин масъулони 4 шуъбаи донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва марокизи донишгоҳии Беларус низ дар ин намоишгоҳ шароити пазириши донишҷӯёни тоҷикро тавзеҳ доданд.

Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд.

 

Барчасп