Июн 15, 2022 09:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноатӣ хабар доданд.

Намоишгоҳи саноатии мазкур дар шаҳри Душанбе тайи 24 то 26 июни соли ҷорӣ барпо хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», дар ин намоишгоҳ, ки бо унвони «Тоҷикистон – 2022» дар муҷтамаъи варзишии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, намояндагони ширкатҳое аз Олмон, Эрон, Узбакистон ва Туркия ҳузур доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи муаррифии маҳсулоти саноатии дохилӣ, ошноӣ бо тавонмандии ширкатҳои хориҷӣ ва имзои тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ бо тарафҳои хориҷӣ эълом шудааст.