Интишори тасвири ҷадид аз Гулмурод Ҳалимов дар Твиттер
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8728-Интишори_тасвири_ҷадид_аз_Гулмурод_Ҳалимов_дар_Твиттер
Шабакаи иҷтимоии Твиттер тасвири ҷадиде аз полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон (ОМОН), ки дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳузур дорад, мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 29, 2016 08:16 Asia/Dushanbe
  • Интишори тасвири ҷадид аз Гулмурод Ҳалимов дар Твиттер

Шабакаи иҷтимоии Твиттер тасвири ҷадиде аз полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон (ОМОН), ки дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳузур дорад, мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “Азия плюс”, дар ин тасвир Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳ бо яке аз фарзандонаш мушоҳида мешавад.

Ҳумайро Мирова, ҳамсари Ҳалимов авоили имсол 4 фарзанди худро аз Тоҷикистон ба назд ҳамсараш дар Сурия интиқол додааст.

Тасвири ҷадиди Гулмурод Ҳалимов дар Твиттер ҳамзамон бо интишори феҳристи номҳову аксҳои 39 шаҳрванди тоҷикистонии узви ДИИШ аз сӯйи Вазорати дохилаи Тоҷикистон мунташир шудааст.

Феҳристе, ки дар он номи полковник (сарҳанг) Гулмурод Ҳалимов низ вуҷуд дорад.

 Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 41 сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки номи вай дар феҳристи таҳти таъқиби мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ қарор гирифтааст, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи он сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Амрикои барои касби иттилоъ аз сарнавишт ва макони ҳузури сарҳанг Гулмурод Ҳалимов ҷоизаи 3 миллион долларӣ таъйин ва ӯро ба далели фаро гирифтани давраҳои омӯзишӣ дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар дохили Иёлоти муттаҳида фарде бисёр хатарнок муаррифӣ кард.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 300 тан дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шудаанд.