Июн 20, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон аз Вазорати маориф ва илм

Намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон аз иҷрои барномаи таҷҳизи озмоишгоҳи мактабҳои Тоҷикистон интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ғиёсиддин Шарифзода дар нишасти Порлумон гуфт: Бар асоси барномаи давлатӣ тайи солҳои 2021 то 2025 бояд 125 миллион сомонӣ таҷҳизоти лозим барои озмоишгоҳҳо ва синфҳои фаннии мактабҳои Тоҷикистон харидорӣ ва насб шавад.

Вай афзуд, соли 2021 ин тарҳ фақат 20 дарсади иҷро шудааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон низ дар ин нишаст гуфт, дар соли 2021 барои хариди таҷҳизоти озмоишгоҳии мактабҳо 28 миллион сомонӣ ихтисос ёфта буд, ки фақат 8 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.