Афзоиши 38 дарсадии воридоти нафтӣ ба Тоҷикистон
Июн 22, 2022 19:11 Asia/Dushanbe
Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз афзоиши 38 дарсадии воридоти нафтӣ ба ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 38 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 289,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 231,2 миллион доллар ворид шудааст.
Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст.