Имзои нахустин тафоҳумномаи иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Эрону Тоҷикистон
(last modified Fri, 24 Jun 2022 16:00:44 GMT )
Июн 24, 2022 21:00 Asia/Dushanbe
  • Имзои нахустин тафоҳумномаи иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Эрону Тоҷикистон

Нахустин иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои тафоҳумномае байни муовинони вузарои кишвари ду тараф ба поён расид.

Ба гузориши гуруҳи сиёсии хабаргузории “Форс”, нахустин иҷлоси коргурӯҳи муштараки амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои тафоҳумномае байни муовинони вузарои кишвари ду тараф ба поён расид.

Ин иҷлос аз 31 хурдод то 2 тирмоҳи имсол бо ҳузури Сайид Маҷиди Мираҳмадӣ, муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ва Раҳмонзода, муовини вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тоҷик дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон дар ин сафар ҳамчунин бо Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ кард.

Раҳимзода бо ибрози хушнудӣ аз ин ки ташкили коргурӯҳи муштараки амниятӣ муҷиби тақвияти равобит ва амалӣ шудани тавофуқоти қаблии мақомоти олии ду кишвар хоҳад шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии ин кишварро барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир эълом кард.

Муовини амниятиву интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар ин дидор ташкили коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва тавофуқоти шаклгирифта дар онро муҷиби иртиқои амнияти ду кишвар ва хунсо шудани таҳдидоти душманони ду миллат донист ва бар иродаи ҷиддии тарафи эронӣ барои амалӣ шудани тавофуқоти мақомоти олӣ ва сарони ду кишвар дар ростои тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Ин коргурӯҳи муштараки амниятӣ дар иҷрои мувофиқатномаи ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии Эрону Тоҷикистон, муаррихи 1393 (2014) ташкил шуд.