Интихоби сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 25 Jun 2022 04:46:37 GMT )
Июн 25, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
  • Интихоби сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Амрико сафири ҷадиди ин кишвар дар Тоҷикистонро интихоб кард.

Мануэл П. Микаллери хурдӣ (Manuel P. Micaller, Jr) ба унвони сафири Амрико дар Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ҳоли ҳозир Мануэл Микаллер, муовини раиси намояндагии Амрико дар Непол аст.

Интихоби расмии сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон бояд дар Сенати ин кишвар ҳам таъйид шавад.

Мануэл Микаллер қаблан дар сафоратхонаҳои Иёлоти муттаҳида дар Муғулистон ва Марокаш кор мекард ва мушовири иқтисодии сафири Амрико дар Тоҷикистон буд.