Июн 29, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон

Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Воридоти орд ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 12,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин тавлиди орд дар дохили Тоҷикистон аз гандуми воридотӣ аз Қазоқистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳам 38 дарсад коҳиш ёфт.

Бар асоси ин гузориш, тайи 5 моҳи соли ҷорӣ 330 ҳазор тон гандум ба арзиши 102 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шуда, ки аз назари вазн 8 дарсад коҳиш доштааст.

Далели коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон маҳдудияти содирот аз Қазоқистон унвон мешавад.

Тоҷикистон бештари гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад.