Июн 29, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири саноати Тоҷикистон аз воҳидҳои саноатии ноҳияи Шуғнон

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз теъдоде воҳидҳои тавлидии ноҳияи Шуғнон боздид кард.

Шералӣ Кабирро дар ин боздид Алишер Мирзонабот, раиси вилояти Бадахшон ҳамроҳӣ мекард.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ин боздид аз мудирони марокизи санъатӣ хост то тарбияти неруҳои мутахассисро дар авлавияти кории худ қарор диҳанд.

Боздид аз корхонаи тути Помир аз дигар барномаҳои вазири саноати Тоҷикистон буд.