Июл 07, 2022 16:36 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти КОФО: Ҳузури нозир ва доварони эронӣ дар бозии Узбакистон-Тоҷикистон
    Мусобиқоти КОФО: Ҳузури нозир ва доварони эронӣ дар бозии Узбакистон-Тоҷикистон

Дидор тимҳои миллии футболи бонувони Узбакистон ва Тоҷикистон бо ҳузури нозир ва қазовати ду довари эронӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши Федератсияи футбол, фардо аввалин рӯзи мусобиқоти КОФО-и бонувон дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Дар дувумин бозии фардо, ки байни тимҳои Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад Маъсума Шакури нозири ин дидор хоҳад буд.

Ҳамчунин Анисаи Мофинажод кумакдовар ва Маҳсо Қурбони довари чоруми ин мусобиқот хоҳанд буд.