Июл 07, 2022 17:12 Asia/Dushanbe
  • Барканории ду раиси суд бо дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Барканории ду раиси суд бо дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ду раиси судро аз вазифа барканор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Насирӣ Ҷамшед аз вазифаи раиси суди иқтисоди барканор шуд.

Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон омада аст: Носирӣ Ҷамшед ба сабаби паст задани шаъну эътибори судия аз вазифаи раиси суди иқтисодии Вилояти Бадахшон барканор шавад.

Ҳамчунин бо фармони дигар аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ барканор шуд.

Дар фармони барканории Рустам Сайдаҳмад омада аст, ки ба сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад аз вазифа озод карда шуд.

Пеш аз ин ҳам бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раиси суди вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор шуданд.