Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Қурбон
(last modified Fri, 08 Jul 2022 16:33:34 GMT )
Июл 08, 2022 21:33 Asia/Dushanbe
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани иди Қурбон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори анҷоми корҳои хайр ба ҷои исроф дар иди Қурбон шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикии иди саиди Қурбон аз мардуми Тоҷикистони хост, ба ҳамватанони ниёзманд, ятимон ва маълулон кумак ва ба ҷои харҷҳои беҳудаву худнамоӣ, аз хонаводаҳои фақир ҳимоят ва ватанро обод кунанд.

Дар идомаи паёми Эмомалӣ Раҳмон “парҳез аз аъмоли нописанду ташвиқ ба аъмоли нек, огоҳӣ аз аҳволи азизон, бавижа аёдат аз беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маълулон ва шитоб дар мулоқоти волидайн” таъкид шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, навозиши ятимону кумак ба ниёзмандон ва дароз кардани дасти ёрӣ яке аз фазоили неки инсонӣ ва рафтори писандидаи мардуми мо дар ин рӯз аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар айни ҳол хотирнишон кард, ин кор фақат бояд тавассути касоне анҷом шавад, ки хонаводаи онҳо аз ҳар назар дар амният ҳастанд ва аъзои хонаводаи онҳо камбуд ва мушкиле надоранд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард: Муҳимтарин рисолат ва вазифаи динии мову шумо мардуми шарифи кишвар, тарбияти фарзандон бо рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтирому хидмат ба волидайн, эҳтиром ба суннатҳову арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ аст.