Июл 09, 2022 10:10 Asia/Dushanbe
  • Раис Ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт: Дидорҳо ва тамосҳои худ бо нахуствазири собиқи Ҷопонро ёд дорам
    Раис Ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт: Дидорҳо ва тамосҳои худ бо нахуствазири собиқи Ҷопонро ёд дорам

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон сӯи қасд,ки мунҷар ба кӯшта шудани нахуствазири собиқи Ҷопон шударо маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме ба Фумию Кишидо нахуствазири Ҷопон террори Шинзо Обе-ро маҳкум ва даргузашти ӯро ба миллат ва давлати Ҷопон таслият гуфт. Дар ин паём  омадааст: Хабари террор ва кӯшта шудани Нахуствазири собиқи Ҷопон, оқои Шинзо Обе, манро нороҳат кард Тоҷикистон ин террорро ба шиддат маҳкум мекунад." Раҳмон афзӯд: Он марҳум бо фаъолияти халоқонаи худ ба унвони як мақоми сиёсӣ ва кишварӣ шуҳрати болое дар арсаи байналмиллалӣ касб кард.

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон афзӯд: Обе дар таҳким ва густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон саҳми шоистае доштааст ва бо талошҳои мустамари худ бо номи нек дар ёди мо боқӣ хоҳад монд.

Раис Ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт: Дидорҳо ва тамосҳои худ бо нахуствазири собиқи Ҷопонро ёд дорам ва барои шахсияти ӯ эҳтироми зиёд қоил ҳастам. Раҳмон аз тарафи худ ва мардуми Тоҷикистон маротиби ҳамдардии амиқ ва таслияти самимонаи худро ба раҳбарӣ ва мардуми Ҷопон иброз кард. Обе  пеш аз зуҳри 8-уми июл дар шаҳри Норо ҳангоми суханронии интихоботии худ мавриди исобати гулӯла қарор гирифт ва дар бемористон ҷон бохт.

 

Барчасп