Июл 09, 2022 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ӯ изҳор кард таҷҳизоти корхона аз Кареияи Ҷанубӣ ва Ҷумҳӯрии Чек ворид шудааст
    Ӯ изҳор кард таҷҳизоти корхона аз Кареияи Ҷанубӣ ва Ҷумҳӯрии Чек ворид шудааст

Тавлидоти корхонаи ҷӯроббофии шаҳри Бохтари Тоҷикистон барои аввалин бор ба Русия содир шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҷӯробҳои корхонаи тавлидии "Сомон Расул" дар  шаҳри Бохтар устони Хатлони Тоҷикистон барои аввалин бор ба Русия содир шуд.

Раиси корхона гуфт: Ҳамзамон бо таъмини  ниёзҳои сокинони кишвар, содирои маҳсулот ба хориҷ аз кишвар ба вижа Русияро оғоз кардаанд.

Расул Созибназаров афзӯд: Ин ширкат ба муносибати фарорасидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар минтақаи санъатии шаҳри Бохтар эҳдос шуд.

Ӯ изҳор кард таҷҳизоти корхона аз Кареияи Ҷанубӣ ва Ҷумҳӯрии Чек ворид шудааст.

Расул Соҳибназаров гуфт: Ин корхона зарфияти тавлиди як миллион ҷуфт ҷӯроб дар солро дорад.