Баргузории маросими иди саиди Қурбон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон
(last modified Sun, 10 Jul 2022 15:00:01 GMT )
Июл 10, 2022 20:00 Asia/Dushanbe

Маросими иди саиди Қурбон дар кишварҳои мухталиф бо ҳузури густардаи мусулмонон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, маросими иди саиди Қурбон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ҳузури густардаи мусулмонон баргузор шуд .
Шабакаи  Raptly Русия дар шабакаи Твиттери худ тасовиреро аз маросими иди саиди Қурбон дар Англия, ки дируз баргузор шуд, мунташир кард .
 Иди Қурбон дар Покистон
Миллионҳо покистонӣ имрӯз бо ширкат дар маросими намози иди саиди Қурбон ва ба ҷо овардани суннати қурбонӣ ин иди бузургро гиромӣ доштанд . Имрӯз якшанбе мусодиф бо иди саиди Қурбон дар Покистон маъруф ба " Иди бузург" аст ва миллионҳо мусулмон дар ин кишвар ойинҳои мазҳабии ин рӯзро бо шӯру шавқи хосе баргузор карданд .
Шаҳбози Шариф-нахуствазири Покистон ҳамчунин иди саиди Қурбонро телефонӣ ба Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳӯри Эрон ва мардуми Эрон табрик гуфт ва бар аҳамияти тавсеаи равобити ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои мухталиф таъкид кард.
 Намози иди саиди Қурбон дар Байнулҳарамайн
Намози иди саиди Қурбон дар Байнулҳарамайн низ ба имомати шайх  Ҳабиб Алкозимӣ бо ҳузури ошиқони солори Карбало ва дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари ишон баргузор шуд .
Маросими иди Қурбон дар Русия
Шабакаи Роптлии Русия дар шабакаи Твиттери худ бо пахши тасовире аз баргузории намози иди саиди Қурбон дар рӯзи гузашта гузориш дод : Даҳҳо ҳазор мусулмон дар Русия ( дируз ) маросими иди Қурбонро баргузор карданд .
Маросими иди Қурбон дар Туркия
Ҳазорон нафар аз мусулмонони Туркия дар масҷиди Ассофияи Истонбул намози иди Қурбон хонданд . Ба гузориши шабакаи Роптли дируз дар Истонбул бисёре аз намозгузорон барои барпоии намози иди Қурбон ба масҷиди торихии Ассофия рафтанд .