Сафари вазири кори Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиён
(last modified Tue, 12 Jul 2022 12:48:06 GMT )
Июл 12, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири кори Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиён
    Сафари вазири кори Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиён

Вазири кори Тоҷикистон миёнгини маъош ва дастмузд дар ноҳияи Қубодиёнро 1064 сомонӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ширин Амонзода, вазири кору муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон дар сафари худ ба ноҳияи Қубодиён бо баёни ин матлаб гуфт: Яке аз шохисаҳои иртиқоъи сатҳи зиндагии мардум, миёнгини дастмузд ва ҳамсонсозии он бо сабади масрафи аст.

Ӯ таъкид кард: Мизони маъош ва дастмузд дар ноҳияи Қубодиён нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 2.5 дарсад афзоиш ёфта аст.

Амонзода таъкид кард дар ин муддат коргуруҳҳое барои таҳақуқи дастуруламалҳо мабни бар густариши фаъолиятҳои кишоварзӣ, бардошти маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои ғизои ташкил шуда аст.

Ӯ ҳамчунин дар ин сафар мизони тавсеаи саноатӣ, фаъолияти корхонаҷот духти либосҳи мактаби ва касби омӯзиши шаҳрвандонро барраси кард.