Июл 13, 2022 07:53 Asia/Dushanbe
  • Ду дзюдочии точик дар мусобиқаи байналмилалии Маҷористон чои ҳафтумро ишғол карданд

Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Маҷористон мақоми 7-умро касб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён дар сабқати “Слами бузург”-и Маҷористон мақоми ҳафтумро касб карданд.

Рӯзҳои 8-10-уми июл мусобиқаи байналмилалӣ «Венгрия Grand Slam 2022» баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 кишвар ширкат доштанд. Муҳаммад Маҳмудизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 - кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дзюдочиёни тоҷик буданд, ки ба Будапешт фиристода шуданд.

Дар ин мусобиқот Ҷопон бо 8 тилло, 1 биринҷӣ, Италия бо 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ва Бразилия бо 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ мақомҳои якум то севумро касб карданд.

Тоҷикистон  бо 2 мақоми ҳафтумӣ дар байни 61 кишвар дар ҷои 34-ум қарор гирифт.

 

Барчасп