Июл 13, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • 30 миллион доллар содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон
    30 миллион доллар содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба мизони 30 миллион доллар ба Афғонистон барқ содир карда аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати Барқи Тоҷик дар як нишасти матбуъоти бо эъломи ин ки Тоҷикистон рузона ҳудуди 9 миллион киловат соат барқ ба Афғонистон содир мекунад ва ширкати Брешнои афғон нархи бахше аз барқи дарёфтиро мепардозад, ибрози умедвори кард, ки ба мизони афзоиши қобилияти пардохти тарафи афғон ин вазъият ба таври мусбат тағир хоҳад кард.

Дар оғози соли ҷорӣ раиси ширкати Барқи Тоҷик ба расонаҳо гуфта буд, ки қарзи ширкати Брешно бобати барқи Тоҷикистон ба 33 миллион доллар расида аст.

Муҳаммадумари Асозода ҳамчунин хабар дада буд, ки дар поёни моҳи декабри соли 2021 ду тараф пратаколҳои илҳоқи ба тавофуқномаи соли 2008 дар мавриди содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то соли 2028-ро имзо карданд, ки бар асоси он дар соли 2022 дар фасли баҳор ва тобисон ба сурати рузона 400 мегават соат ва дар фасли тирамоҳ ва зимистон рузона 25-30 мегават соат барқ ба Афғонистон содир хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи раиси ширкати Барқи Тоҷик ширкати Брешно барои ҳар киловат соат барқи дарёфти 4.67 сент пардохт мекунад.

Тоҷикистон дар соли 2021 ба мизони 56.3 миллион доллар барқ ба Афғонистон содир карда аст.

 

Барчасп