Тоҷикистон 11 табаи қирғизро озод кард
-
Соли 2021 наздик ба 40 табаи Қирғизистон ба итҳзоми убури ғайри маҷози марзӣ боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд
Мақомоти қазоии Тоҷикистон 11 табаи боздоштшудаи Қирғизистонро озод кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Окей Пресс, ин 11 қирғиз ба итҳоми убури ғайри маҷозии марзӣ Тоҷикистон дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдори мешуданд, ки ба мақомоти қазоии Қирғизистон таҳвил дода шуданд.
Абдулкарим Олимбоев раиси вилояти Ботканди Қирғизистон аз тавофуқ бо мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон барои озодии атбои боздош шудаи дукишвар ба итҳоми ғайрии маҷози марзӣ хабар дода буд.
Аз сӯи дигар мақомоти қазоии Қирғизистон 11 табаи боздошт шудаи Тоҷикистон ба итҳоми убури ғайри маҷози марзиро озод карданд ин афрод ҳамчунин ба пардохти 50 ҳазор соми қирғизӣ барои убури ғайри маҷози марзи Қирғизистон маҳкум шудаанд.
Мақомоти Додситоти кулли Тоҷикистон гуфта будаанд, ки дар соли 2021 наздик ба 40 табаи Қирғизистон ба итҳзоми убури ғайри маҷози марзӣ боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.