Июл 14, 2022 15:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди талоқ дар минтақаи Хатлон
    Афзоиши теъдоди талоқ дар минтақаи Хатлон

Сардори шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон эълом кард дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳазору 891 талоқ сабт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Бунафша Раҳимзода аз ин теъдод ҳазору 591 талоқ бо райи додогоҳ, 298 маврид тавофуқи ва 14 талоқ ба дархости яке аз тарафҳо анҷом шуд.

Ба гуфтаи ин масъул пас аз иҷрои ҳукми талоқ сарпарастии 2 ҳазору 150 кудак ба модар ва 62 кудак ба падар супорида шуд.

Вай афзуд: Теъдоди бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба 6 моҳи гузашта 381 маврид афзоиш дошта аст.

Раҳимзода гуфт: Бештарини бекоршавии ақди никоҳ дар бахшҳои Кулоб бо 157 маврид, Кушониён 167 маврид, Абдураҳмони Ҷомӣ бо 124 маврид ва камтарини он дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин бо 7 маврид ва Балҷувон бо 12 маврид сабт шуда аст.

 

Барчасп