Тағйироти мудириятӣ дар ниҳодҳои судӣ ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон
(last modified 2022-07-14T13:57:36+00:00 )
Июл 14, 2022 18:57 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти мудириятӣ дар ниҳодҳои судӣ ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон
    Тағйироти мудириятӣ дар ниҳодҳои судӣ ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон

Тағйироти мудириятӣ дар ниҳодҳои судӣ ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон анҷом шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳои ҷудогона раиси Суди иқтидосӣ, 10 додраси Судои Олӣ ва 9 раиси суди шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишварро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онҳо таъйин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо судури фармонҳое раиси донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти вобаста ба Фарҳангистони миллии илмҳои кишварро барканор кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо афроди тозатаъйиншуда дар сохторҳои судӣ ва омӯзишии Тоҷикистон аз онҳо дархост кард, ки дар ин масъулиятҳо бо ҷиддият ва ибтикори амал фаъолият кунанд.

 

Барчасп